КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

                               
          
Дар бораи хочагии дехкони (фермери)
(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, (дар кироати дуюм кабул гаштааст)
соли 2009, №5, мод.333)

Конуни мазкур асосхои хукукии ташкил ва фаъолияти хочагии дехкони (фермери)-ро муайян мекунад.

Моддаи  1. Мафхуми хочагии дехкони (фермери)
Хочагии дехкони (фермери) (минбаъд - хочагии дехкони) субъекти хочагидории мустакилест, ки фаъолияти он хамчун сохибкор ба мехнати шахсии як нафар, аъзои як оила ё гурухи шахсон асос ёфта, заминаи онро китъаи замин ва дигар молу мулки ба аъзои он тааллукдошта ташкил медиханд.

Моддаи  2. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи хочагии дехкони 
Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи хочагии дехкони ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф кардааст, иборат мебошад.

Моддаи  3. Ташкили хочагии дехкони
       1. Хочагии дехкониро метавонад хар як  шахрванди Чумхурии Точикистон,  ки кобили амал аст, ташкил намояд, агар дар конунгузории Чумхурии Точикистон тартиби дигар мукаррар нашуда бошад.
       2. Хочагии дехкониро метавонанд як шахс, як оила ё гурухи шахсон ташкил диханд.

Моддаи  4. Аъзои хочагии дехкони
1. Падару модарон, хамсар, фарзандон ва дигар шахсони кобили мехнат, ки якчоя дар хочагии дехкони фаъолият доранд, метавонанд аъзои  он бошанд.
2. Узвият ба хочагии дехкони дар асоси сабти ном дар дафтарчаи мехнати ва шартномаи фаъолияти якчояи аъзои хочагии дехкони  муайян карда мешавад.
3. Шахсоне, ки дар хочагии дехкони аз руи шартномаи мехнати кор мекунанд, ба хайати хочагии дехкони дохил намешаванд ва муносибатхои мехнатии онхо бо Кодекси мехнати Чумхурии Точикистон танзим мегардад.

Моддаи  5. Шаклхои хочагии дехкони
Хочагии дехкони дар шаклхои зерин ташкил шуда метавонад:
- хочагии дехконии фарди -  хочагии дехконие, ки дар он фаъолияти мехнати ба сохибкории як шахс асос ёфтааст;
- хочагии дехконии оилави - хочагии дехконие, ки дар он фаъолияти мехнати дар шакли сохибкории оилави дар заминаи моликияти якчоя асос ёфтааст;
- хочагии дехконии шарики - хочагии дехконие, ки дар заминаи моликияти умумии хиссаги ташкил шуда, фаъолияти хочагидории онро шартнома дар бораи фаъолияти якчоя муайян мекунад.

Моддаи 6.  Шартномаи фаъолияти якчояи аъзои хочагии дехкони
1. Шартномаи фаъолияти якчояи аъзои хочагии дехкони дар сурати ташкили хочагии дехконии шарики баста мешавад.
2. Хочагии дехконии оилави метавонад фаъолияташро  дар асоси шартномаи  фаъолияти якчояи аъзои хочагии  дехкони ба рох монад.
3. Шартномаи фаъолияти якчояи аъзои хочагии дехкони ?айр аз маълумоти дар Кодекси граждании Чумхурии Точикистон пешбинишуда бояд чунин маълумотро низ дар бар гирад:
- шумора ва ному насаби аъзо;
- салохиятхое, ки аъзои хочагии дехкони ба сардори хочаги медиханд;
- хукукхои аъзои хочаги;
- ухдадорихои аъзои хочаги;
- тартиби аз аъзои хочаги бо таври ихтиёри хорич шудан ва хорич кардани аъзо;
- тартиби ба аъзогии хочагии дехкони кабул кардани дигар шахсон;
-тартиби таксими махсулоти истехсолшуда, фуруш ва таксими даромади он байни аъзо.
4. Шартнома аз чониби хамаи  аъзои хочагии дехкони ба имзо расида, нусхаи он ба макомоти махаллии андоз ва хифзи ичтимоии ахоли пешниход карда мешавад.
5. Дар холати та?йирёбии шумораи аъзо, ба шартнома та?йиру иловахои дахлдор ворид карда шуда, нусхаи он ба макомоти махаллии андоз ва хифзи ичтимоии ахоли дар давоми як мох пешниход карда мешавад. Ичрои чунин расмиёт ба зиммаи сардори хочагии дехкони вогузор карда мешавад.

Моддаи  7. Хочагии дехкони хамчун шакли хочагидори
1.  Хочагии дехкони фаъолияташро бе таъсиси шахси хукуки амали менамояд.
2. Хочагии дехкони дар баробари ташкилотхои тичорати ва сохибкорони инфироди чузъи баробархукуки системаи иктисоди мебошад. Хамаи амалиёти хочагидории он мутобики созиши тарафайн аз руи хисоббаробаркунии накдию ?айринакди сурат мегирад.
3. Хочагии дехкони сохтор ва тарзи истехсолотро бо назардошти манфиатхояш мустакилона муайян мекунад.
4. Хочагии дехкони суратхисоб ва дигар хисобхо, мухру бланкахоро бо номи худ доро мебошад.

Моддаи 8. Самтхои фаъолияти хочагии дехкони
1. Самтхои фаъолияти хочагии дехкони аз истехсоли махсулоти кишоварзи, инчунин коркард, нигохдори, интикол ва фуруши махсулоти истехсолшуда иборатанд.
2. Хочагии дехкони мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон метавонад бо дигар намуди фаъолият, аз чумла ба фаъолияти иктисодии беруни низ маш?ул шавад.

Моддаи  9. Дахолат ба фаъолияти хочагии дехкони
1. Дахолат ба фаъолияти хочагии дехкони аз тарафи макомоти давлати ва шахсони мансабдори он манъ аст, агар дар конунгузории Чумхурии Точикистон тартиби дигар мукаррар нашуда бошад.
2. Сиёсати давлати оид ба тараккиёти илмию техники, сармоягузори ва дурнамои сохаи мазкур аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.

Моддаи 10. Макоми рохбарикунандаи хочагии дехкони
1. Макоми рохбарикунандаи хочагии дехкони мачлиси аъзои хочагии дехкони ва сардори хочагии дехкони ба шумор мераванд.
2. Мачлиси аъзои хочагии дехкони макоми олии рохбарикунандаи он мебошад.
3.Сардори хочагии дехкони фаъолияти хочагиро дар доираи талаботи конунгузории Чумхурии Точикистон, карори мачлиси аъзои хочагии дехкони ва шартномаи фаъолияти якчояи аъзои он ба рох мемонад.

Моддаи 11. Мачлиси аъзои хочагии дехкони
1. Ба салохияти мачлиси аъзои хочагии дехкони инхо дохил мешаванд:
- ворид намудани та?йиру иловахо ба шартномаи фаъолияти якчояи аъзои хочагии дехкони;
- кабули шахрвандон ба узвияти хочагии дехкони ва хорич намудан аз узвият;
- ба вазифа интихоб намудан ва аз вазифа озод кардани сардори хочаги;
- барраси ва тасдики хисоботхои солона ва мухосибави;
- таксими даромади хочагии дехкони;
- кабули карор оид ба азнавташкилдихи ва ё бархам додани хочагии дехкони;
-баррасии дигар масъалахо мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон.
2. Мачлиси аъзои хочагии дехкони хангоми аз чониби узви хочагии дехкони бе сабабхои узрнок дар давоми зиёда аз як сол иштирок накардан дар фаъолияти хочагидори, истифода накардани сахми замин метавонад бо карораш узвро аз аъзоги хорич намуда, сахми замини онро ба аъзои доимии хочагии дехкони таксим намояд ё ин, ки шахси дигарро ба узвият кабул намуда, сахмдор намояд.
3. Хар як узви хочагии дехкони хукуки дар мачлиси аъзои хочагии дехкони иштирок кардан, сухан гуфтан ва овоз доданро дорад.
4. Мачлиси аъзои хочагии дехкони ва карорхои кабулкардаи он дар холате босалохият хисобида мешаванд, ки дар мачлис аз се ду хиссаи аъзои хочаги иштирок дошта бошанд.
5. Карор аз чониби мачлиси аъзои хочагии дехкони бо тарафдории аксарияти шумораи аъзои иштирокдошта кабул карда мешавад.
6. Дар холати баробар будани овозхо, кароре кабулшуда хисобида мешавад, ки ба тарафдории он сардори хочагии дехкони овоз додааст.
7. Дар хусуси карорхои кабулшудаи мачлиси аъзои хочагии дехкони протокол тартиб дода шуда, ба он аъзои иштирокдошта имзо мегузоранд, ки ичрои он аз чониби аъзои хочаги хатмист.
8. Мачлиси аъзои хочагии дехкони аз тарафи сардори хочаги ё аз чониби на камтар аз се як хиссаи аъзои он даъват карда мешавад.

Моддаи  12. Сардори хочагии дехкони
1. Сардори хочагии дехкони яке аз аъзои он, ки тачрибаи кори ва махорати хуби идоракуни дорад, дар мачлиси аъзои хочаги интихоб карда мешавад.
2. Сардори хочагии дехконии фарди худи шахрванд ба хисоб меравад.
       3. Сардори хочагии дехконии оилави  аз чониби аъзои оила интихоб карда мешавад.
4. Сардори хочагии дехконии  шарики дар мачлиси аъзои хочаги интихоб карда мешавад.
       5. Сардори хочагии дехкони бо карори мачлиси аъзои хочаги дар ин мавридхо аз вазифа озод карда мешавад:
       -  хангоми бо хохиши худ пешниход кардани ариза;
       -  дар холати ичро накардан ё номатлуб ичро кардани ваколатхои сардори хочаги;
       - ?айри кобили амал эътироф шудан;
       - дигар холатхое,  ки конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар намудааст.

       Моддаи 13. Ваколатхои сардори хочагии дехкони
       Сардори хочагии дехкони дорои ваколатхои зерин мебошад:
       - ба фаъолияти хочаги рохбари менамояд;
       - ваколатнома медихад;
       - аз номи хочаги бе ваколатнома амал мекунад;
       - шахрвандонро мутобики шартномаи мехнати ба кор кабул ва аз кор озод мекунад;
       - хисоб ва хисоботдихиро дар хочаги ба рох мемонад;
       - манфиатхои хочагиро дар муносибатхо бо шахсони вокеи ва хукуки, инчунин бо макомоти  давлати намояндаги мекунад;
       - дигар ваколатхоро дар доираи шартномаи якчояи аъзои хочагии дехкони ичро менамояд.

Моддаи  14. Хусусиятхои ташкили ширкати  хочагидори ва ё  кооперативи истехсоли   аз чониби аъзои хочагии дехкони
1. Узви хочагии дехконии  фарди ва аъзои хочагии дехконии оилави метавонанд мутобики Кодекси граждании Чумхурии Точикистон дар заминаи молу мулки хочаги ширкати хочагидори ва ё кооперативи истехсолии  (кишоварзии) дорои макоми шахси хукуки таъсис диханд.
2. Таъсис додани ширкати хочагидори ва ё кооперативи истехсолии (кишоварзии) дорои макоми шахси хукуки аз чониби хочагии дехконии  шарики бо ризоияти хаттии аъзои он сурат мегирад.
3. Хукуки истифодаи якумраи меросии китъахои замини аъзои хочагии дехкони дар холати таъсис додани ширкати хочагидори ва ё кооперативи истехсоли (кишоварзи) ба ширкат ва ё ба кооператив барои истифодаи бемухлат вобаста карда мешавад.
4. Аъзои хочагии дехкони хангоми таъсис додани кооперативи  истехсоли (кишоварзи) ё ин ки ширкати хочагидори метавонанд зимни  хукукдор будан ба сахми замин  барои хар  як аъзо  (барои истифодаи бемухлат) карор кабул намоянд.
5. Ширкати хочагидори ё кооперативи истехсоли (кишоварзи) хамчун шахси хукуки ба молу мулке, ки онро аъзои хочагии дехкони ба сифати сахм пардохтааст, инчунин молу мулке, ки дар натичаи фаъолияти он ва дар асосхои дигаре, ки хилофи конунгузории Чумхурии Точикистон нестанд, ба даст оварда шудааст, сохиби хукуки моликият мебошад.
6. Андозаи сахми молу мулки аъзои хочагии дехкони, ки иштирокчии ширкати хочагидори ё узви кооперативи истехсоли (кишоварзи) шудаанд, бо назардошти сахми онхо дар доираи хукуки моликияти умуми ба молу мулки хочагии дехкони бо тартиби мукаррарнамудаи Кодекси граждании Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.

Моддаи 15. Додани китъаи замин ба хочагии дехкони  
1. Китъаи замин бо максади ташкили хочагии дехкони дар асоси аризаи шахрванд (шахрвандон) бо карори  макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлатии шахру нохияхо ба истифодаи якумраи мероси дода мешавад.
2. Китъаи замин яклухт чудо карда мешавад.
3. Дар холати чудо шудани узви хочагии дехкони ва  мустакилона ташкил кардани хочагии дехкони китъаи замин дар асоси сахми замини узв аз як тарафи тархи замин чудо карда мешавад. Дар заминхои оби чудо кардани замин аз кисмати поёнии тархи замин сурат мегирад.
4. Харочоти анчом додани корхои кадастрии замин, тахкикоти агрокимиёви ва дигар тахкикоти хок аз хисоби мабла?хои бучети дахлдор пардохт карда мешавад. Хамзамон хочагии дехкони метавонад корхои мазкурро мустакилона фармуда, онро мабла?гузори намояд. Харочоти анчом додани корхо чихати чудо кардани китъаи замин ва бакайдгирии давлатии хукуки истифодаи замин бар зиммаи хочагии дехкони мебошад.
5. Хангоми ташкили хочагии дехкони дар каламраве, ки дар он иншооти таъиноти истехсоли ва ичтимоию маиши вучуд надоранд, ободонии ибтидоии он, сохтмони роххо, хати интиколи барк, таъминоти об, воситахои алока ва мелиоратсияи заминхоро давлат ба ухда мегирад.
6. Хочагии дехкони бо максади фаъолияти истехсоли метавонад ба таври илова китъаи заминро ба ичора ё ба истифодаи мухлатнок гирад.
7. Заминхои зери шабакахои обрасони, роххо ва дигар  иншооти байнихочаги мутобики санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон истифода карда мешаванд.

Моддаи  16. Меъёри  додани китъаи замин барои  ташкили хочагии   дехкони
Китъаи замин ба шахрвандони Чумхурии Точикистон барои ташкили хочагии дехкони ба андозаи зерин дода мешавад:
- аз заминхои ташкилотхои кишоварзи - ба андозаи сахми миёнаи замини дар хамин ташкилот барои хар як узв муайяншуда;
- аз заминхои фонди махсус ба хар як узви кобили амал, ки хохиши ташкил кардани хочагии дехкониро дорад - ба андозаи сахми миёнаи замин, ки дар  махалли чойгиршавии китъаи замин муайян карда шудааст.

Моддаи 17. Додани китъаи замини иловаги ба хочагии дехкони
Ба хочагии дехкони ?айр аз заминхои ба аъзои он  хамчун сахм муайяншуда мумкин аст китъаи замини иловаги барои истифодаи мухлатнок ва ё ичора аз заминхои гуруххои зерин дода шавад:
- аз гурухи заминхои таъиноти кишоварзи - заминхои навобод, заминхои истифоданашаванда, заминхое, ки иншоотхои обрасонии онхо аз кор баромадаанд ва ба кори кишоварзи омода нестанд ва ин заминхо ба дигар шахрвандон хамчун сахм таксим нашудаанд, аз руи имконият ва кобилияти кори;
- аз гурухи заминхои захираи давлати ва фонди давлатии чангал - заминхое,  ки барои истехсоли махсулоти кишоварзи мувофиканд, инчунин чарогоххо барои чаронидани чорво вобаста ба саршумори чорво;
- аз гурухи заминхои махалхои ахолинишин - заминхое, ки барои истехсоли махсулоти кишоварзи мувофиканд ва муваккатан барои эхтиёчоти шахр, шахрак ва дигар махалли ахолинишин истифода намешаванд.

Моддаи  18. Тартиби  ташкили  фонди  махсуси  замин барои ташкил  кардани хочагии дехкони
1. Барои ташкили хочагии дехкони макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлатии нохия (шахр) фонди махсуси заминро аз хисоби чунин заминхо таъсис дихад:
- заминхое, ки аз истифода баромадаанд ё ба заминхои камарзиш гузаронида шудаанд;
- заминхои захираи давлати;
- заминхои хамаи гуруххо, ки аз руи максад истифода нашудаанд;
-заминхои барои истехсолоти кишоварзи чудогардида, ки дар муддати ду сол истифода бурда нашудаанд;
- заминхои фонди давлатии чангал, ки аз дарахту буттазор холи буда, барои истифода дар истехсолоти кишоварзи мувофиканд;
- заминхои ташкилотхои кишоварзи, аз чумла хочагихои дехконие,  ки хукуки истифодаашон катъ гардонида шудааст;
- заминхои хочагихои дехкони ва дигар ташкилотхои кишоварзи, ки фаъолияташон катъ гардидааст;
- заминхои навобод.
2. Китъахои замини ошкоргардида дар асоси санади комиссияи шахри, нохияви бо карори раисони шахру нохияхо ба фонди махсуси замини шахр, нохия дохил карда мешаванд. Барои гирифтани ин заминхо розигии истифодабарандагон талаб карда намешавад.

Моддаи  19. Тартиби додани китъаи замин аз заминхои фонди  махсус  барои  ташкил  кардани хочагии  дехкони                                      
1. Шахрвандоне, ки хохиши ташкил кардани хочагии дехкониро доранд, аз чумла онхое, ки аз дигар нохияхо (шахрхо) барои зисти доими кучида омадаанд, барои гирифтани китъаи замин ба макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлатии нохия (шахр) ариза пешниход мекунанд.
2. Дар ариза максади истифодаи китъаи замин, андоза ва махалли вокеъшавии он, шумораи умумии аъзои кобили мехнат зикр мегардад.
3. Макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлатии нохия (шахр) дар муддати як мохи баъди додани ариза дар бораи чудо кардани китъаи замин карор кабул мекунад.
4. Дар холати мавчуд набудани фонди махсуси замин аризаи шахрванд (шахрвандон), ки китъаи замин талаб карданд, ба навбат гирифта мешавад.
5. Дар холати риоя накардани мухлати кабули карор ё пинхон намудани маълумот дар бораи вучуд доштани фонди махсуси замин шахсони мансабдор мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

Моддаи 20. Ташкили хочагии дехкони аз хисоби замини хочагихои махсуси давлати
1. Ташкили хочагии дехкони дар замини хочагихои давлатии тухмипарвари, нихолпарвари, зотпарвари, муассисахои тадкикоти, илмию истехсоли, таълими, тачрибави,  омузишгоххои касбию техники, инчунин дар заминхои фонди давлатии об танхо бо ризоияти Хукумати Чумхурии Точикистон сурат мегирад.
2. Ташкили хочагии дехкони аз хисоби хочагихои дехконии тухмипарвари, нихолпарвари ва зотпарвари мутобики Конуни мазкур сурат мегирад.

Моддаи 21. Кабули дигар шахрвандон ба узвияти хочагии дехкони
1. Хочагии дехкони бо карори мачлиси аъзо метавонад дигар шахрвандонро ба узвият кабул намояд.
2. Сахми замини шахрвандоне,  ки ба аъзоги кабул шудаанд, аз чониби макомоти махаллии заминсози муайян карда шуда, ба онхо шаходатномаи сахми замин дода мешавад. Хамзамон аз чониби макомоти махаллии заминсози ба шаходатномаи сахми замини аъзои доими та?йироти дахлдор ворид карда мешавад.
3. Дар холати аз тарафи хочагии дехкони азхуд намудани заминхои  нав мачлиси аъзои хочагии дехкони метавонад дигар шахрвандонро ба узвият кабул намуда, сахмдор кунад ё ин,  ки заминхои азхудшударо хамчун сахми иловаги ба аъзои доимии хочаги таксим намояд.

Моддаи  22. Бакайдгирии давлатии хочагии дехкони
1. Хочагии дехкони бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон пас аз гирифтани сертификати хукуки истифодаи китъаи замин дар макомоти андози махалли вокеи хочаги ба кайд гирифта шуда, хамзамон макомоти омори давлатии махалли онро сабт мекунад.
2. Чамоати дехот (шахрак) хар як хочагии дехкониро дар дафтари хочаги ба кайд мегирад ва маълумоти асосиро оид ба фаъолияти он сабт менамояд.

Моддаи  23. Тасдики хукуки истифодаи китъаи замини  хочагии дехкони
1. Хукуки истифодаи китъаи замин бо сертификати хукуки истифодаи замин, ки ба хочагии дехкони бо тартиби муайянкардаи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон дода мешавад, тасдик мегардад.
2. Ба истифодаи замин танхо баъди гирифтани сертификати хукуки истифодаи замин шуруъ намудан мумкин аст.
3. Ба хар як узви хочагии дехкони шаходатномаи сахми замин дода мешавад. Шаходатномаи сахми замин хуччатест, ки андозаи сахми замини узви хочагии дехкониро дар алохидаги муайян мекунад.
4. Хукуки ичораи китъаи заминро шартномаи аз чониби тарафайн басташуда муайян мекунад.

Моддаи  24. Хукукхои хочагии дехкони
Хочагии дехкони хукук дорад:
- дар замин мустакилона хочагидори намояд, аз чумла оид ба интихоби истехсоли махсулоти кишоварзи мустакилона карор кабул кунад;
- китъаи замин ё як кисми онро ба ичора дихад;
- дар мавриди аз тарафи давлат гирифтани китъаи замин чуброни зарарро мутобики Кодекси замин ва Кодекси граждании Чумхурии Точикистон талаб  намояд;
- сохиби махсулоти истехсолкардааш ва даромади аз фуруши он гирифтааш бошад;
- аз истифодаи замин бо ризоияти аъзо ихтиёран даст кашад;
-  аз маъданхои маъмул (рег, ша?ал, гил, санг, манбаъхои об) ва дигар унсурхои фоиданоки китъаи заминаш бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон истифода барад;
- молу мулки ташкилотхо ва шахрвандонро харидори намояд, ба ичора гирад ё муваккатан истифода барад;
- барои амали намудани фаъолияти сохибкори шартномахо бандад;
- дар мавриди беш аз як гектар будани масохати китъаи замин  дар асоси лоихаи заминсози мутобики Кодекси замини Чумхурии Точикистон бинои ёрирасон (бошишгохи сахрои) созад;
- бо ризоияти аъзо хукуки истифодаи китъаи заминро ба гарав монад;
-аз дигар хукукхои пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон истифода барад.

Моддаи 25. Хукукхои узви хочагии дехкони
Узви хочагии дехкони хукук дорад:
- новобаста аз ризоияти дигар аъзои хочагии дехкони мувофики сахми худ ба замин ва ба молу мулк аз хайати хочагии дехкони барояд;
- дар холати таксимнашаванда будани молу мулк чуброни онро ба тарики пули талаб намояд;
- мутобики сахми замини худ  ба таври чудогона хочагии дехкони таъсис дихад;
- сахми замини худро ба шахси дигар дихад;
- хукуки истифодаи сахми замини худро ба гарав гузорад;
- дар таксими махсулоти кишоварзи ва фуруши он иштирок намуда, аз даромади он хиссаи худро талаб намояд;
- аз дигар хукукхои пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон истифода барад.

Моддаи  26. ?хдадорихои хочагии дехкони ва аъзои он
Хочагии дехкони ва аъзои он ухдадоранд:
-  заминро мутобики таъиноти максаднок истифода баранд;
- заминро хосилхез намуда, чихати хифзи замин, чангал ва об тадбирхо андешанд;
- дар заминхои оби  киштгардон ва истифодабарии обро вобаста ба намуди зироатхо дар асоси накшаи истифодабарии об ба рох монанд;
-  захбуру захкашхои дахлдори худро тоза кунанд;
-  хангоми фаъолияти хочагидори ба бад шудани вазъи экологи  ва холати мелиоративии замин  рох надиханд;
- андози замин ва дигар намудхои андозро дар мухлатхои муайянкардаи конунгузории Чумхурии Точикистон пардохт намоянд;
- музди истифодаи  об, барк ва ?айраро дар мухлати муайяншуда пардохт намоянд;
- музди мехнат ва фоидаи холисро дар мухлати муайяншуда таксим карда диханд;
- низоми хисоботи мухосибавиро  риоя намоянд;
- барои аз касалихо пешгири намудани хайвонот ва растани тадбирхо андешанд;
- маълумотро дар бораи холат ва истифодаи замин дар мухлати муайяншуда ба макомоти махаллии заминсози ва омории нохия (шахр) пешниход намоянд;
- ухдадорихои шартномави ва низоми хисобу китоби карзиро риоя намоянд;
- хукуки дигар заминистифодабарандагонро вайрон накунанд.

Моддаи 27. Гирифтани кредит аз чониби хочагии дехкони
1. Хочагии дехкони метавонад дар асоси шартномахои кредитдихи аз кредити хамаи намуди бонкхо, истифода барад.
2. Кредит гирифтани хочагии дехкони бо гарав ё бо дигар намудхои ухдадори таъмин карда мешавад.

Моддаи 28. Мехнат дар хочагии дехкони
1. Дар хочагии дехкони асосан аъзои худи хочаги мехнат мекунанд.
2. Ичрои корхо бо чалби шахрвандони дигаре, ки аз руи шартномаи мехнати кор мекунанд, тибки конунгузории Чумхурии Точикистон ба танзим дароварда мешавад.
3. Музди мехнати шахрвандоне, ки шартномаи мехнати бастаанд, ба харочоти чори дохил шуда, дар навбати аввал пардохта мешавад.  Ин музд ба чамъбасти натичаи кори хочагии дехкони вобаста нест, агар дар ин хусус шартномаи махсус вучуд надошта бошад.
4. Аъзои хочагии дехкони ва шахрвандоне, ки тарики шартномаи мехнати барои ичрои корхо ба хочагии дехкони чалб карда мешаванд, аз хамаи хукукхои бо конунгузории Чумхурии Точикистон пешбинигардида истифода мебаранд.

Моддаи 29. Дафтарчаи мехнати
1. Хар як узви хочагии дехкони бояд  хатман сохиби дафтарчаи мехнати бошад.
2. Маълумот дар дафтарчаи мехнатии хар як узви хочагии дехкони бо тартиби умумие, ки санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон мукаррар намудаанд, сабт карда мешавад.
3. Навиштачоти дафтарчаи мехнати ва чавобгари барои нодурустии маълумот ба зиммаи сардори хочагии дехкони вогузор карда мешавад.
       
Моддаи 30. Бахисобгири ва хисобот дар хочагии дехкони
1. Хочагии дехкони натичахои корашро хатман ба хисоб мегирад.
2. Хочагихои дехкони ва ассотсиатсияи онхо ухдадоранд тартиби коргузори ва низоми хисоботи мухосибавиро риоя намуда, дар бораи фаъолияти худ ба макомоти махаллии омори давлати ва дигар макомоте,  ки конунгузории Чумхурии Точикистон муайян кардааст, хисобот диханд.

Моддаи 31. Фуруши махсулот аз чониби хочагии дехкони
1. Хочагии дехкони молики махсулоти истехсолкардааш буда, онро бо салохдиди худ ба фуруш мебарорад.
2. Хангоми истехсол, коркард, нигохдори, интиколи махсулоти кишоварзи, инчунин фуруши он хочагии дехкони ухдадор аст,  ки меъёру коидахои санитари ва экологиро мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон риоя намояд.

       Моддаи 32. Су?уртаи молу мулки хочагихои дехкони ва ассотсиатсияи онхо
Су?уртаи молу мулки (зироат, чорво, воситахои асоси, дигар молу мулк) хочагихои дехкони ва ассотсиатсияи онхо тибки конунгузории Чумхурии Точикистон ба рох монда мешавад.

Моддаи 33. Су?уртаи ичтимоии давлати ва таъминоти ичтимоии   аъзои хочагии дехкони
1. Аъзои хочагии дехкони дар асоси баробар дорои су?уртаи ичтимоии давлати мебошанд. Хакки узвияти су?уртави аз  мабла?и  фонди музди мехнати аъзои хочагии дехкони пардохта мешавад. Харочоти вокеии хочаги, ки ба пешрафти хочагии дехкони алокаманд аст, аз даромад бароварда мешавад.
2. Аъзои хочагии дехкони бо тартиби мукаррарнамудаи Конуни Чумхурии Точикистон "Дар бораи таъмини нафакаи шахрвандони Чумхурии Точикистон"  бо нафака таъмин карда мешаванд.
3. Давраи дар хочагии дехкони кор кардани аъзои хочаги ва шахрвандоне, ки бо хочагии дехкони шартномаи мехнати бастаанд, дар асоси сабти дафтарчаи мехнати ва хуччатхои тасдиккунандаи пардохти хакки узвияти су?уртаи ичтимои ба собикаи умуми ва бефосилаи кори онхо  дохил карда мешавад.
4. Фаъолияти мехнатии аъзои хочагии дехкони ва шахрвандоне, ки дар асоси шартномаи мехнати кор кардаанд, аз тарафи хочагии дехкони алохида ба хисоб гирифта мешавад.
5. Аъзои хочагии дехкони хангоми корношоямии муваккати бо кумакпулии яквакта ва дигар имтиёзхои пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон таъмин карда мешаванд.
6. Зараре,  ки дар натичаи фаъолияти хочагии дехкони ба шахрвандон расонида шудааст, бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон чуброн карда мешавад.

Моддаи 34. Андозбандии хочагии дехкони
           Хочагии дехкони мутобики Кодекси андози Чумхурии Точикистон андозбанди карда мешавад.

Моддаи 35. Имтиёзхои хочагии дехкони
Хочагии дехкони  дорои чунин имтиёзхо мебошад:
-  хочагии дехкони бе пардохти мабла?  ба кайди давлати гирифта мешавад;
- бо тартиб ва шартхои муайянкардаи Хукумати Чумхурии Точикистон аз пардохти пайваст кардани иктидори кувваи барк, обрасони (бе истифодаи иншоот ё дастгоххои техники) озод мебошад;
-   метавонад дар бонкхо бе пардохт суратхисоб кушояд;
-   аз бонкхо кредитхои имтиёзнок гирад;
-  аз мабла?и барои дастгирии сохибкории хурду миёна чудошуда истифода намояд;
- дигар имтиёзхои пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистонро истифода барад.

Моддаи 36. Ба мерос гузаштани молу мулк ва хукуки истифодаи  замини  аъзои хочагии дехкони
Молу мулк ва хукуки истифодаи замини аъзои хочагии дехкони бо тартиби мукаррарнамудаи Кодекси граждании Чумхурии Точикистон ба мерос мегузарад.

       Моддаи 37. Асосхои катъ гардидани фаъолияти хочагии дехкони
         Фаъолияти хочагии дехкони дар ин мавридхо катъ мегардад:
- бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон катъ гардидани хукуки истифодаи замин;
- кабул намудани карори мачлиси аъзои хочагии дехкони дар бораи катъи фаъолияти он;
- дар холати боки намондани ягон аъзои хочагии дехкони ё ворисе, ки  хохиши давом додани фаъолияти хочагиро дошта бошад;
- бо сабаби муфлисшави;
- ба шакли дигари хукукию ташкили табдил додани хочагии дехкони.

Моддаи 38. Тартиби бархам додани хочагии дехкони
1. Тартиби бархам додани хочагии дехкони ва катъи муносибатхоро дар заминистифодабари баъди бархам додани он конунгузории Чумхурии Точикистон муайян менамояд.
2. Дар сурати бархам додани хочагии дехкони молу мулк  ва мабла?хои он барои пардохти музди мехнати шахрвандоне, ки аз руи шартнома кор мекунанд, барои пардохт ба бучет, баргардонидани кредити бонки ва хисоббаробаркуни бо дигар кредиторон истифода бурда мешавад.
3. Хангоми бархам додани хочагии дехкони мукаррароти моддахои 25 ва 65 Кодекси граждании Чумхурии Точикистон ба инобат гирифта мешаванд.
4. Молу мулки бокимонда ва мабла?и аз фуруши он ба дастомада хамчун моликияти якчоя боки мемонад ё байни аъзои хочагии дехкони таксим карда мешавад.

               Моддаи 39. Ассотсиатсияи хочагихои дехкони
1. Ассотсиатсия бо рохи ихтиёран муттахид шудани хочагихои дехконии мустакил ташкил меёбад. Ассотсиатсия дар асоси шартнома таъсис дода мешавад. Ассотсиатсия дар асоси оиннома амал намуда, шахси хукуки мебошад ва мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон  ба кайд гирифта мешавад.
2. Хочагихои дехконие, ки ба хайати ассотсиатсия дохил мешаванд, мустакилияти худ ва хукуки истифодаи заминро аз даст намедиханд ва амали Конуни мазкур нисбати онхо татбик карда мешавад.
         3. Мачбуран ба ассотсиатсия дохил кардани хочагихои дехкони манъ аст.

       Моддаи 40. Идораи ассотсиатсияи хочагихои дехкони
       1. Макоми олии идоракунандаи ассотсиатсияи хочагихои дехкони мачлиси умумии иштирокчиёни он мебошад.
       2. Вазифахои ичроия ва фаъолияти хамохангсозии ассотсиатсияи хочагихои дехкониро шурои ассотсиатсия амали менамояд, ки онро раис рохбари мекунад.
       3. Шуро ва рохбари ассотсиатсияро мачлиси умумии иштирокчиёни он интихоб мекунанд.        
       
       Моддаи 41. Фаъолияти истехсолию молияви ва хочагидории  ассотсиатсияи хочагихои дехкони
       1. Барои амали намудани максад ва вазифахои худ ассотсиатсияи хочагихои дехкони хукук дорад:
        - бо мувофикаи иштирокчиёнаш дар сохаи сохибкори, молия ва карзу кредит амалхои умумиро анчом дихад;
         - бо рохи ихтиёран чудо кардани мабла? захирахои молияви ва модди ташкил кунад, вазифахои истехсолию хочагиро марказонад;
         - бо иштирочиёни ассотсиатсия ва бо дигар шахсон нарххои хисоби  ва нархгузориро танзим намояд.
         2. Ассотсиатсияи хочагихои дехкони оид ба ухдадорихои иштирокдорон ва  дар навбат худ иштирокчиён оид ба ухдадорихои ассотсиатсия чавобгар намебошанд, ба истиснои мавридхое, ки ассотсиатсия кафолатро ба зимма мегирад.
        3. Тартиби хоричшавии хочагии дехкониро аз ассотсиатсия шартномаи тарафайн ва бархамдихии ассотсиатсияро оинномаи он муайян мекунад.

Моддаи 42. Халли бахсхо дар хусуси катъ намудани фаъолият ва  бархам  додани хочагии дехкони
Бахсхо дар хусуси катъ намудани фаъолият ва бархам додани хочагии дехкони аз тарафи суд хал карда мешаванд.

Моддаи 43.Чавобгари барои вайрон кардани Конуни мазкур 
Шахсони вокеи ва хукуки барои вайрон кардани Конуни мазкур  мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

Моддаи 44. Дар бораи аз эътибор сокит донистани Конуни Чумхурии Точикистон Дар бораи хочагии дехкони (фермери)
Конуни Чумхурии Точикистон аз 20 майи соли 2002 "Дар бораи хочагии дехкони (фермери)" (Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон,  с. 2002, №4,  к. 1,  мод. 299; с. 2006, №3, мод. 163; с. 2008, №6, мод. 462) аз эътибор сокит дониста шавад.

Моддаи 45. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни мазкур
Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.




           Президенти 
  Чумхурии  Точикистон                                                                Эмомали  Рахмон 


  ш.Душанбе, 19 майи соли 2009,
№ 526
                                                
























































 
О НАС     /        ДФХ         /         ИНФО-МАТЕРИАЛЫ         /        КОНТАКТЫ         /       

Вы можете, посетит наши веб-ресурсы: http://foundation-tj.ucoz.org, http://job-tj.ucoz.net




ОО "Фонд развития общества" foundationtj@gmail.com
Hosted by uCoz